АХБОРОТИ АГРАРӢ
Сана: 22.06.2016 | Дида шуд: 2205

Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард. Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири энергетикаи Русия Юрий Сентюрин, созишнома моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, он ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамгирройӣ миёни кишварҳо равона шудааст. «Дар созишнома роҳандозии интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои истеъмоли дохилии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Тақрибан дар ҳаҷми то 1 млн. тонна», - гуфтааст Сентюрин зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ.


Сана: 30.05.2016 | Дида шуд: 1487

Барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав - боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.


Сана: 30.05.2016 | Дида шуд: 1463

Наздики бист корхонаҳои кишвари Красноярски Русия, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғуланд, ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), чанд рӯз қабл аз номи муовини вазири рушди иқтисод, сиёсати сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишвари Красноярск Антон Натаров мактуб расида, дар он омодагии корхонаву ташкилотҳои Красноярск ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон изҳор шудааст.



ЛОИҲАҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
Сана: 27.05.2016 | Дида шуд: 3519

Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалисозии лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ»-ро, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии системаи обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад. Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки маблағаш 468 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни Ассосиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассосиатсияи истифодабарандагони об дар системаи обёрии канали Говкуши ноҳияи Ваҳдат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ноҳияи Файзобод ҳастанд, ба ҳисоб мераванд. “Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истифодарандагони об дар идораи захираҳои обӣ ва аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини ФАО дар баландбардоштани даромаднокии кишоварзии обёришаванда мусоидат менамояд”, - мегӯяд Виорел Гутсу, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.


Сана: 01.03.2016 | Дида шуд: 2681

Имрӯзҳо рушди технологияҳои нав имконият медиҳад, ки сатҳи истеҳсолнокӣ баланд шуда, арзиши аслии истеҳсол паст карда шавад ва сифати маҳсулот беҳтар гардад. Дар соҳаи аграрии муосир якчанд самтҳои рушди технологияҳо ва истифодаи навгониҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз он объёрикунии қатрагӣ маҳсуб меёбад. Обёрикунии қатрагӣ - ин на танҳо имконияти хуб барои рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ, балки ҳалли муаммо вобаста ба истифодабарии самаранокии обҳо ва давраи обёрӣ аст. Оиди ин ва дигар имкониятҳои нав раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ваҳдат ва Турсунзода дар рафти вохӯри маълумот гирифтанд, ки аз ҷониби Бонки Эсхата ташкил карда шуд. Ба вохӯрии мазкур ҳамчунин намояндаи ташкилоти байналхалқии ABCI Agro Business Consulting Internation Ҷамшед Бобоалиев ва намояндаи ташкилоти «Сароб» Қиёмиддин Иззатов даъват карда шуданд.


Сана: 25.12.2015 | Дида шуд: 1332

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» барои рушди устувори чарогоҳҳо ва соҳаи чорводорӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо мусоидати Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардидааст.



ТАҲЛИЛҲО ВА ҲИСОБОТҲО
Сана: 26.04.2016 | Дида шуд: 1745

Ба идораи нашрия дар бораи соли дуюм омадани фасли зимистони гарму хушк ва таъсири он ба ҳосилнокӣ паиҳам саволҳои сершумори хоҷагидорон омада истодааст. Дар шумораи қаблӣ (7 (90) аз 3-юми апрели соли 2016) маслиҳату машваратҳои мутахассисони соҳавӣ дар саҳифаи 2-юм ба табъ расида буд. Аммо ҳайати эҷодии нашрия тасмим гирифт омӯзиши мушаххас ва пурсиши коршиносонро оид ба ин мавзӯъ гузаронад ва манхури хонандагон гардонад. Бо табиат чӣ воқеа рӯй медиҳад? Ин таъсири гармшавии глобалӣ ё аномалияи муваққатӣ? Дар бораи гармшавии глобалӣ, таъсири «гармхонаҳо» (парниковый эффект), тағйирёбии иқлим ва ғ. мақолаҳои бисёр навишта шудаанд. Қариб ҳар рӯз гипотезаҳои нав пайдо шуда, кӯҳнаҳо инкор карда мешаванд. Моро ҳамеша ба ҳарос меафтонанд, ки дар оянда моро чӣ интизор аст? Ва ин корҳо чунон бардавом ва даҳшатнок шуда истодаанд, ки аллакай он қадар наметарсем. Инчунин аксари гипотезаву мақолаҳо мухолифи якдигар буда, моро ба гумроҳӣ мебаранд.


Сана: 29.01.2016 | Дида шуд: 4227

Аз рӯи таҳлилҳо талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ то соли 2050 ба 60% зиёд гардида, ягона роҳи зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти озуқаворӣ нигаҳдории он мебошад. Дар айёми кӯдакӣ волидайн ба ман насиҳат мекарданд, ки маҳсулоти хӯрокиро исроф кардан мумкин нест. Исроф кардани хӯрок дар фарҳанги моён гуноҳ ҳисобида мешавад. Ман боварии комил дорам, ки дигар халқҳои ҷаҳон ҳам чунин рафторро меписанданд. Ва саволе ба миён меояд, ки дар кадом марҳилаи занҷири дастрас намудани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон талафот пайдо мешавад? Кадом намуди маҳсулоти озуқаворӣ ҳолати зиёдтар аз даст додаро ба вуқӯъ мепайвандад ва барои чӣ чунин ҳолат рӯй медиҳад? Бо мақсади посух ба ин саволҳо ман, дар доираи лоиҳаи «Нигаҳдории озуқаворӣ», ки аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ ФАО дастгирӣ мешавад, оиди талаф ёфтани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистонро таҳлил гузаронидам.



НАВИГИРИҲОИ АГРОИНФОРМ.ТҶ
Сана: 28.12.2015 | Дида шуд: 5653

Ҳамкорони мӯҳтарам ва дӯстони азиз, Охирин саҳифаи тақвим ҳам аз девор канда шуда истодааст ва бо он ҳамаи бурду бохт, пешравиҳо, пастиву баландиҳои фаъолиятамон ба як саҳифаи таърих табдил ёфта истодааст. Соли нави 2016 дари ҳар яки мову Шуморо мекӯбад. Биёед бо чеҳраи кушод, бо ниятҳои нек ва нақшаҳои олиҷаноб дарро ба рӯи Соли Нав мекушоем. Вақти он расидааст, ки аз соли гузаштаистода беҳтарин лаҳзаҳоро қабул карда, нохушиҳоро паси сар намоем. Вақти он расидааст, ки амалҳои навро ҳусни оғоз бахшида, назди худ мақсадҳои нав гузошта, қуллаҳои баландро ноил шавем.


Сана: 26.11.2015 | Дида шуд: 2133

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ҳайати эҷодии рӯзномаи “АгроинформТҶ” барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат диплом ва мукофот тақдим намуд. Маросими қадршиносӣ 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилоят ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд.


Сана: 15.07.2015 | Дида шуд: 47131

Мӯҳтарам ҳамкасбон, шарикон ва дӯстон! Мо мехоҳем ба Шумо хушхабареро расонем. Акнун нархҳои бозори на танҳо Тоҷикистон, балки Қирғизистон ҳам тавассути барномаҳои мобилӣ дастрас мебошанд. Нексигол Мушовир дар ҳамкорӣ ҶДММ "АгроИнформАзия" (Ҷумҳурии Қирғизистон) барномаҳои мобилии «Нархҳои бозори Осиёи Миёна»-ро таҳия намуд. Барнома барои истеҳсолкунандагон, корхонаҳои коркард ва фурӯшандагони меваю сабзавот муфид мебошад. Барнома маълумот дар бораи нархҳои чаканаи 23 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ду бозорҳои Қирғизистон (Бишкек ва Ош) ва зиёда аз 70 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба 8 бозорҳои Тоҷикистонро пешниҳод менамояд. Бо истифода аз танзимоти барнома шумо метавонед, маълумот оиди нархҳоро бо Соми Қирғизистон, Сомонии Тоҷикистон, Рубли Русия, Доллари ИМА ва Евро ба даст оред. Шумораи бозорҳо ва номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар Қирғизистон васеъ карда мешавад. Дар ояндаи наздик мо кӯшиш хоҳем кард, то фарогириро васеъ намоем ва нархҳои бозори дигар кишварҳои Осиёи Марказиро илова намоем.


Joomla extensions by Siteground Hosting