Асосӣ Хизматрасонӣ Таҳлили хок
Мехоҳед киштзори шумо хосилхез бошаду ба шумо даромади хуб диҳад?
28.03.2013 14:27 | Дида шуд: 180673 | Чоп кардан | Почтаи электрони

Ташкилоти Ҷамъиятии Суғдагросерв Мушовир ба муштариёни худ хизматрасониҳои нав пешниҳод менамояд, ки гузаронидани ТАҲЛИЛИ ХОК дар замини хоҷагиҳои деҳқонии Шумо мебошад. Гузаронидани таҳлили хок якчанд манфиатҳо дорад:

 

- имкониятҳои кам намудани хароҷоти харидории нуриҳо

- истифодаи мақсадноки нуриҳо

- банақшагирии эҳтиёҷот ба обёрии замин

- пешгирӣ кардани замини худ  аз вайроншавии таркиби хок

БАРОИ ЧӢ ТАҲЛИЛИ ХОК МУҲИМ АСТ?

- барои донистани миқдори микроэлементҳо, ки дар хок тағйирёбанда  ва дигаргуншаванда мебошанд, зеро аз ин ҳосилнокии замин вобаста аст.

- Имконияти ҳисоб кардани миқдори  лозимаи  нуриҳо барои зироатҳои мухталиф.

- Муайян кардани дараҷаи ҳосилнокии хок, азбаски ҳосилнокии растаниҳо аз дараҷаи рН вобастагии калон дорад, донистани рН-и хок бисёр муҳим аст;

- Одатан таҳлили хок бояд 1 маротиба дар 3 сол гузаронида шавад, аммо санҷиши солонаи хок маълумоти пурра оид ба таркиби хок медиҳад;

Мутахассисони ташкилот таҳлили хокро  дар вақти дилхоҳ ҳангоми мусоид будани шароит барои гирифтани намунаи хок аз замин гузаронида мешавад. Тавсия дода мешавад, ки моҳҳои феврал-апрел ва сентябр-ноябр барои гузаронидани таҳлили хок беҳтарин мебошанд .

АРЗИШИ ГУЗАРОНИДАНИ 1 САНҶИШ:

- аз рӯи фармоиши ташкилоту идораҳо - 250 сомонӣ;

- аз рӯи фармоиши хоҷагии деҳқонӣ - 100 сомонӣ.

Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Барака Бобоева, 2

Телефонҳо: 8 3422 63608, 92 744 84 14