Асосӣ Хизматрасонӣ Таҳвили маҳсулоти х/қ
Мева ва сабзавотҳо аз Тоҷикистон
24.08.2013 11:37 | Дида шуд: 266915 | Чоп кардан | Почтаи электрони


Ташкилоти машваратии кишоварзии “Суғдагросерв Мушовир” (САС Мушовир) бо истеҳсолкунандагони хурд ва миёнаи Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб кор мекунад. Фаъолияти асосии САС Мушовир барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ ва ҳамчунин гузаронидани тадқиқотҳо барои пешрафти бизнес дар соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.

 

Имрӯзҳо шумораи мизоҷони мо ба 6000 нафар деҳқонон ва 60 корхонаҳои хурду миёна расидааст. Деҳқонони мо дар гурӯҳҳои хурд фаъолият мебаранд, ки тавассути ин гурӯҳҳо онҳо ҳамҷоя воситаҳои истеҳсолотро харидорӣ менамоянд ва маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба корхонаҳои коркард ва ширкатҳои тиҷоратӣ мефурӯшанд. Омӯзишҳои мо дар асоси принсипҳои Идоракунии Интегриронидашудаи Истеҳсолот ва идоракунии тиҷорати ташкилотҳои хурди кишоварзӣ ба амал бароварда мешаванд.

 

Ба ғайр аз хизматрасониҳои машваратӣ, ташкилоти мо ҳамчунин барои пешбарии маҳсулоти гурӯҳҳои деҳқонони мо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Бо роҳи ҳамҷоя намудани ҳосили фермерон бо воситаи шабакаи кормандони саҳроиамон, мо ба ширкатҳои мухталиф расонидани мунтазами меваҳо ва сабзавотҳои офтобии тоҷикро дар ҳаҷмҳои назаррас пешниҳод менамоем.

 

Ба диққати шумо мева ва сабзавотҳоеро, ки аз тарафи гурӯҳҳои фермерии мо истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод менамоем. Дар ҳолати лозимӣ мо метавонем ба шумо намунаҳоро барои шинос шудан бо хусусиятҳои хоси сифатӣ ва мазагии мева ва сабзавотҳо пешниҳод намоем.


Номгӯи маҳсулот Навъ Мӯҳлати расонидан
аз то
1 Зардолуи тару тоза Арзами 10 май 25 май
2 Зардолуи тару тоза Самарқандии барвақтӣ 25 май 26 июн
3 Зардолуи хушк (гузариш – сертификатсияи органики дар с.2015 чашмдошт аст) Экстра Доимо
4 Зардолуи хушк (гузариш – сертификатсияи органики дар с.2015 чашмдошт аст) Олӣ
5 Зардолуи хушк (гузариш – сертификатсияи органики дар с.2015 чашмдошт аст) Якум
6 Майиз (гузариш – сертификатсияи органики дар с.2015 чашмдошт аст) Тагоби 1 апрел 1 июн
7 Ангур Тоифии кирмизи 1 октябр 1 декабр
8 Ангур Кишмиши сиёҳ 10 июн 1 сентябр
9 Ангури (барвақтӣ) Чиллагии Хуҷанд 20 июн 20 июл
10 Нок Дилафруз (маҳаллӣ) 1 август 1 сентябр
11 Карами бевақтӣ Бевақтии Душанбе 1 август 1 декабр
12 Карами барвақтӣ Барвақтии Душанбе 10 май 15 июн
13 Карами миёнапаз Ташкентский-10 1 июл 30 июл
14 Пиёзи бевақтӣ Банко 20 август 30 сентябр
15 Пиёзи барвақтӣ Манас, Дайтона 15 май 30 июн
16 Сабзии бевақтӣ Мирзоии сурх 15 октябр 1 декабр
17 Сабзии бевақтӣ Тиллогӣ 15 октябр 1 декабр
18 Турб Марғилонӣ 20 август 1 декабр
19 Помидор Кук-гура, Султан 1 апрел 1 сентябр
20 Мош Ҷойдорӣ 1 октябр 1 декабр
21 Лӯбиёи сурх Ҷойдорӣ 1 сентябр 1 декабр
22 Лиму Майер 15 август 15 январ
23 Хурмои тару тоза Зенжимару, хиакуме 10 октябр 30 октябр
24 Сирпиёз Майский 15 май 1 декабр
25 Сирпиёзи сафед Ҷойдорӣ 30 июл 1 декабр
26 Гелос Негритянка 1 июн 15 июн

 

Маълумот барои иртибот:
Тел: +992 3422 63608
E-Mail: Ин сурогаи почтаи электрони аз спам-ботхо мухофизат гаштааст, барои дидани он бояд Javascript васл шуда бошад