Асосӣ Ахбороти мо Барномаҳои мобилӣ барои агробизнес: Нархҳои бозори Осиёи Миёна
Барномаҳои мобилӣ барои агробизнес: Нархҳои бозори Осиёи Миёна
15.07.2015 10:49 | Дида шуд: 43633 | Чоп кардан | Почтаи электрони

altМӯҳтарам ҳамкасбон, шарикон ва дӯстон!

Мо мехоҳем ба Шумо хушхабареро расонем.

Акнун нархҳои бозори на танҳо Тоҷикистон, балки Қирғизистон ҳам тавассути барномаҳои мобилӣ дастрас мебошанд.

Нексигол Мушовир дар ҳамкорӣ ҶДММ "АгроИнформАзия" (Ҷумҳурии Қирғизистон) барномаҳои мобилии «Нархҳои бозори Осиёи Миёна»-ро таҳия намуд. Барнома барои истеҳсолкунандагон, корхонаҳои коркард ва фурӯшандагони меваю сабзавот муфид мебошад. Барнома маълумот дар бораи нархҳои чаканаи 23 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ду бозорҳои Қирғизистон (Бишкек ва Ош) ва зиёда аз 70 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба 8 бозорҳои Тоҷикистонро пешниҳод менамояд. Бо истифода аз танзимоти барнома шумо метавонед, маълумот оиди нархҳоро бо Соми Қирғизистон, Сомонии Тоҷикистон, Рубли Русия, Доллари ИМА ва Евро ба даст оред. Шумораи бозорҳо ва номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар Қирғизистон васеъ карда мешавад. Дар ояндаи наздик мо кӯшиш хоҳем кард, то фарогириро васеъ намоем ва нархҳои бозори дигар кишварҳои Осиёи Марказиро илова намоем.

Барнома дар платформаи Андроид тартиб дода шудааст ва аз Google Play сабт кардан мумкин аст:https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.marketprices.ca

alt alt alt

Бо камоли эҳтиром

Аҳли кормандони Нексигол Мушовир