Асосӣ Ахбороти мо Рӯзномаи “Агроинформ.ТҶ” соҳиби дипломи озмуни “Хомаи созанда - 2015”
Рӯзномаи “Агроинформ.ТҶ” соҳиби дипломи озмуни “Хомаи созанда - 2015”
26.11.2015 11:20 | Дида шуд: 1674 | Чоп кардан | Почтаи электрони

altРаиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ҳайати эҷодии рӯзномаи “АгроинформТҶ” барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат диплом ва мукофот тақдим намуд. Маросими қадршиносӣ 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилоят ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд.

altБо дастури Раиси вилоят ду сол инҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журналистон гузаронида мешавад. Соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015 №147 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2015» озмуни вилоятӣ эълон гардида буд. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздик 90 нафар довталабон аз васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, дар бахшҳои гуногуни озмун беш аз 60 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба иттилои муовини якуми Раиси вилоят дар номинатсияҳои гуногуни озмун 44 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шудаанд.

Азҷумла, рӯзномаи “АгроинформТҶ” аз зумраи фаъолон дониста шуд, ки беҳуда нест. Соли 2015 барои таърихи нашрия ниҳоят пурбарор буда, расо 24 шумора ба табъ расидааст. Дар муқоиса бо соли 2014 ин адад 18 шумора, соли 2013 12 шумора мебошад. Шумораи саҳифаҳо низ аз 6 то 12 баромаданд. Дар 24 шумораи соли 2015 160 мақолаҳои таҳлилӣ ба мавзӯъҳои актуалии кишоварзӣ ва 32 мақолаҳои хабарӣ оиди ин ё он навгонии аграрӣ табъу нашр шудааст. Илова бар ин деҳқонону хоҷагидорон ба 54 саволҳои худ оиди ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, андоз ва андозситонӣ, риояи ҳуқуқҳои деҳқонон, баҳсҳо атрофи оби полезӣ, тақдири занони кишоварз, агротехникаи маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодабарии заҳрдоруҳо ҷавобҳои мушаххаси мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии “Нексигол мушовир”-ро, ки муассиси рӯзномаи мазкур маҳсуб мешавад гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2015 рӯзномаи “АгроинформТҶ” 5 солагии таъсиси худро таҷлил кард, ки ин низ аз мадди назари роҳбарияти вилоят дур намонд. Абдураҳмон Қодирӣ шахсан ҳайати эҷодии рӯзномаро ба ин муносибат табрик гуфт.

“Вақте рӯзе қабл кормандони дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд маро ба чорабинии қадршиносии журналистон таклиф карданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ташкилоти мо, ки баҳри баландкунии маърифатнокии деҳқонон ва дастгирии машваратии онҳо машғул буда, яке аз хизматрасониҳояш табъу нашри рӯзномаи кишоварзии “АгроинформТҶ” мебошад. Ва мо шояд дар доираи иштироккунандагони озмуни вилоятии “Хомаи созанда - 2015”, ки махсус барои журналистон аст, набошем. Дар чорабиние, ки беш аз 100 нафар намояндагони ВАО ширкат доштанд, дар алоҳидагӣ рӯзномаи моро номбар карданду ҳам тӯҳфа ва ҳам диплом барои иштироки фаъолона дар ҳаёти кишоварзии вилоят гуфта тақдим карданд. Ростӣ ифтихорам барои фаъолияти корхонаамон баланд шуд. Ифтихорам аз қадршиносии раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ баланд шуд, ки моро фаромӯш накардаанд. Ин боз як бори дигар исбот кард, ки роҳбарияти вилоят ба ҳама табақаҳои ВАО, новобаста аз он ки давлатӣ аст, ҷамъиятӣ аст, мустақил аст ё хориҷӣ бо чашми касбият ва баробарӣ нигоҳ мекунад. Дар оянда барои аз даст надодани боварӣ ва сазовор шудан ба пешравиҳои дигар ҳатман кӯшиши дучанд хоҳем кард”. – мегӯяд роҳбари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” Маҳинахон Сулейманова.

Ҳамчунин хабарнигори рӯзнома Тилав Расулзода дар номинатсияи «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ» байни расонаҳои хабарии интернетӣ ва рӯзноманигорӣ ҷои аввалро ишғол карда бо дипломи дараҷаи як ва чор ҳазор сомони мукофотпулӣ сарфароз дониста шуд.

Маъмурияти ташкилоти ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” кулли ҳайати эҷодии рӯзномаро бо ин бурдборӣ табрику муборакбод мегӯяд.

Хосият Комилова