Асосӣ Таҳлилҳо ва ҳисоботҳо Зимистони гарм хуб аст?
Зимистони гарм хуб аст?
26.04.2016 14:21 | Дида шуд: 1388 | Чоп кардан | Почтаи электрони

altБа идораи нашрия дар бораи соли дуюм омадани фасли зимистони гарму хушк ва таъсири он ба ҳосилнокӣ паиҳам саволҳои сершумори хоҷагидорон омада истодааст. Дар шумораи қаблӣ (7 (90) аз 3-юми апрели соли 2016) маслиҳату машваратҳои мутахассисони соҳавӣ дар саҳифаи 2-юм ба табъ расида буд. Аммо ҳайати эҷодии нашрия тасмим гирифт омӯзиши мушаххас ва пурсиши коршиносонро оид ба ин мавзӯъ гузаронад ва манхури хонандагон гардонад.

Бо табиат чӣ воқеа рӯй медиҳад? Ин таъсири гармшавии глобалӣ ё аномалияи муваққатӣ?

Дар бораи гармшавии глобалӣ, таъсири «гармхонаҳо» (парниковый эффект), тағйирёбии иқлим ва ғ. мақолаҳои бисёр навишта шудаанд. Қариб ҳар рӯз гипотезаҳои нав пайдо шуда, кӯҳнаҳо инкор карда мешаванд. Моро ҳамеша ба ҳарос меафтонанд, ки дар оянда моро чӣ интизор аст? Ва ин корҳо чунон бардавом ва даҳшатнок шуда истодаанд, ки аллакай он қадар наметарсем. Инчунин аксари гипотезаву мақолаҳо мухолифи якдигар буда, моро ба гумроҳӣ мебаранд.

Мутахассисони Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” ба хулосае омаданд, ки ду зимистони гарми сипаригашта, ки дар қитъаи (континент, материк) мо хӯҷаинӣ карданд, ҳодисаи аномалӣ нест, балки характери даврагӣ дорад.

Дар давоми зимистони соли ҷорӣ аз барномаҳои иттилоотии моҳҳои декабр январ, нишебиҳои сабз дар шифогоҳҳои Аврупо, ҳарорати баланд дар қисми аврупоии Русия зоҳир гардиданд. Масалан, дар Маскав, ҳароратсанҷ ба +7-10 дараҷа баромад. Тӯли солҳои охир аҳолӣ ба зимистонҳои хунук дар Аврупо ва Русия одат кардаанд. Аммо агар ба таърихи на чандон дур назар афканем омӯзиш ва пайгирии ҳарорат танҳо давоми ду асри охир ба роҳ монда шуда, омори ин давраи таърихан кӯтоҳ нишон медиҳад, ки тағйироти ҳарорат дар табиат характери даврӣ дорад.

Як мисоле аз асари машҳури “Евгений Онегин” меорем, ки солҳои 20-30-юми асри XIX навишта шудааст: “Зимистон мунтазир, табиат мунтазир буд - барф танҳо дар моҳи январ афтод. Шаби сеюм ....”. Сеюми январи тақвими кӯҳна ба 17-уми тақвими нав рост меояд.

Мисоли дигар, аксарият таърихи пайдоиши номи ҷазираи Гренландияро, ки қариб пурра бо ях фаро гирифта шудааст, медонанд. Воқеаномаҳои таърихии оғози ҳазорсолаи дуюм нишон медиҳанд, ки қисми калони ҷазира бо ях пӯшида набуд. Аз щамин сабаб баҳронавардони Норвегия онро «замини сабз» номида буданд.

Сабаби эҳтимолии зимистонҳои гармро дар Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупо метеорологҳо феномени табиии Эл-Нинё дар уқёнуси Ором медонанд. Ҳодисаи Эл-Нинё бо ҳарорати баланди обҳои рўӣ дар минтақаи экваториалии Уқёнуси Ором алоқаманд аст. Агар ҳарорати муқаррарӣ наздики 25°C бошад, пас бо омадани Эл-Нинё, ҳарорати об то 30°C мерасад ва ин боиси ихтилофҳо дар ҳавои саросари ҷаҳон мегардад ва онҳо на ҳамеша мусоид мебошанд. Эл-Нинё дар қисми шарқии тропикии уқёнуси Ором ҳар 5-7 сол пайдо мешавад. Дар ин ҳолат шамолҳои пассате, ки одатан аз шарқ ба ғарб мевазанд, суст шуда, массаҳои оби гармшуда ба тарафи шарқ мегарданд. Эл-Нинё метавонад қуввати гуногун дошта бошад. Эл-Нинёи тавоно шароити обу ҳавои муқаррариро дар тамоми ҷаҳон муваққатан вайрон мекунад. Баъзе минтақаҳои хушк, монанди Перу ё Калифорния рутубатнок, ҳол он ки дигарон (масалан Осиёи Ҷанубӣ) – хушктар мегарданд.

Эл-Нинё дар якҷоягӣ бо гармиҳои даврагӣ сабаби солҳои гармтарини имрӯза ва боиси як қатор офатҳои табиӣ, хусусан дар фасли зимистон мебошад.

Таъсири Эл-Нинё ба Осиёи Марказӣ ва Русия ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, вале баъзе маълумоти оморӣ пайдо шудааст. Синоптикҳо фикр доранд, ки бо таъсири Эл-Нинё дар моҳи октябри соли 1997 дар минтақаи ғарби Сибир ҳарорат зиёда аз 20 дараҷа гарм шуд. Он вақт дар бораи ақибкашии яхбандии доимӣ (вечная мерзлота) ба шимол навишта буданд. Дар моҳи августи соли 2000, мутахассисони Вазорати фавқуллодаи Русия шарҳ доданд, ки таъсири Эл-Нинё сабаби як қатор тундбодҳо ва боронҳои сел дар кишвар мебошад.

Дар давоми солҳои Эл-Нинё зимистонҳои гарм дар қитъаҳои зиёди континентамон мушоҳида мешавад.

Инак, зимистонҳои гарм ба мо чӣ меоранд? Чӣ зиёдтар: фоида ё зарар?

"Албатта, тарафҳои мусбӣ зиёдтар!» - бисёриҳо шояд чунин гӯянд.

Зимистони гарм махсусан дар Тоҷикистон бартариҳои бисёр дорад: барои гармидиҳии манзил ва биноҳои корӣ камтар нерӯи барқ сарф мекунем, ки миқдори калони сарфаҷӯӣ мебошад. Ин сарфакорӣ ба шабакаҳои барқӣ сабукӣ дода, миқдори садамаҳо низ камтар мешавад. Инчунин лимити додани барқ дар фасли зимистон кам шуда, афзоиши мавсимии нархи ангишт боло намеравад. Ба ғайр аз ин, хатари сӯхторҳо дар вақти истифодаи доимии таҷҳизоти гармкунии барқӣ паст мешавад.

Бо сабаби ях накардани роҳҳои мошингард, фишори корӣ ба идораҳои коммуналӣ паст шуда, маводи кимиёвии роҳ, ки боиси зангзании воситаҳои нақлиёт аст, хеле сарфа мегардад. Зимистони гарм барои сохтмончиён низ мусоид аст. Чунин обу ҳаво имконият медиҳад, ки корҳои давоми мавсими гарм нопурра монда ба итмом расонида мешаванд.

Мисолҳои муфидро паиҳам навиштан мумкин аст. Аммо медал ҳамеша ду тараф дорад.

Дар баробари фоидаҳояш зимистони гарм талафоти махсусро ба соҳаҳои гуногун низ мерасонад. Масалан, яке аз онҳо соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки амнияти бехатарии озуқавориро таъмин мекунад.

Яке аз респондентони мо, корманди филиали Суғдии институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ Т. Бойматов, қайд кард, ки дигаргунӣ ё ивазшавии иқлим дар илми кишоварзӣ яке аз факторҳои асосӣ буда, беваҷҳ таъсири худро ба ҳосилнокӣ мерасонад.

Ӯ ёдовар шуд, ки деҳқонони вилояти Суғд солҳои охир ин гуна дигаргуниро ду маротиба паси сар кардаанд: нимхунукиҳои санаҳои 3-4 уми апрели соли 2011, ки ҳосили дарахтон қисман талаф ёфт ва хунукиҳои сахту давомноки санаҳои аз 29-уми март то 2-юми апрели соли 2015 ҳосили зардолуро пурра хароб кард.

Худи дарахти зардолу, мегӯяд Т.Бойматов, ба хунукиҳои зимистона устувор буда, то минус 25-27 дараҷа, баъзе намудҳояш то -32 дараҷа тоб оварда метавонад. Аммо, вақте ки дарахт бедор шуда, ба фазаҳои инкишоф мегузарад, ҳатто аз хунукии кӯтоҳмуддати аввали баҳорӣ таъсири манфӣ мебинад.

Масалан: осеббинии муғча аз хуникиҳои аввалибаҳор вобаста ба фазаи инкишофи гул мебошад:

  • дар фазаи бедоршавии муғча гули зардолу дар ҳарорати -5 дараҷа;
  • дар фазаи варамкунӣ ва сурхшавии муғча -4 дараҷа;
  • дар фазаи саршавии кушодашавии муғча -2,2 – -2,8 дараҷа;
  • дар фазаи гулкунии умумӣ -1,5 – -1,8 дараҷа;
  • дар фазаи ғӯрабандӣ 0 – -1,2 дараҷа нобуд мешавад.

Т.Бойматов қайд кард, ки гармшавии ҳаво дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ бедоршавии муғчаҳоро ва саршавии нашъунамои дарахтонро тезонид. Дар моҳи январ ҳарорати миёна 8-9 дараҷа ва дар моҳи феврал аз меъёр 1,5 баробар зиёд шуд. Варам кардани муғчаҳо ба 10-15-уми феврал ва гулкунӣ бошад ба охири феврал ва аввали март рост омад, ки нисбат ба дигар солҳо қариб то 25 рӯз барвақттар мебошад.

altАгроном-мушовири Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” Отабеков Махсут деҳқононро огоҳ мекунад, ки зимистони гарму хушк сабаби камобӣ ва ташнагии замин гашта, дар ҳолати бо оби лозима таъмин нагардидани ғалладонагиҳои тирамоҳӣ нашъунамои онҳо суст гардида, ҳосилнокиаш паст мешавад. Ба ғайр аз ин, соли ҷорӣ ҳашаротҳои зараррасон зиёд шуданашон мумкин. Зеро гармии зимистони имсола барои беталафот баромадани онҳо мусоидат карда, ҳашарот зимистонро бемалол гузаронида омодаи ҳуҷум ҳастанд. Инчунин, аз касалиҳо низ зироатро бояд эмин дошт. Илова бар ин дарахтони мевадор беқувват гаштаанд. Зеро онҳо кам хоб рафта, дуруст дам нагирифтаанд. Аз гармии ҳаво дарахтон тез гул карда, боғбонон коркарди кимиёвиро саривақт иҷро карда натавонистанд.

Барои наҷоти ҳосил чӣ бояд кард? Отабеков М. чунин тавсияҳо медиҳад:

1. Кишту кори зироатҳои техникиро ҳар чӣ тезтар бояд гузаронид, ки ҳосил тезтар пухта расад.

2. Агротехника ва бурриши дарахтонро тезтар бояд анҷом дод.

3. Ба таври максималӣ тезонидани коркарди кимиёвии боғу токзор бар зидди касалиҳои клястоспориоз, монолиоз, парша, кокомикроз, шилмбарорӣ бо фунгисиди Хорус, Браво, Косайд, Курзат, Топаз, Скор, Фоликур 1 ва маҳлули бордоссии 1 фоиза ба роҳ монда шавад.

4. Ғизодиҳии фаврӣ. Бояд ба дарахтони ҷавон баъд аз шукуфтани гул дарҳол аз 100 то 400 гр ғизои минералӣ, азотӣ, калийгӣ, фосфорӣ пошида шавад.

5. Ба юнучқа ба таврӣ фаврӣ озуқа бояд дод, ба миқдори 250-300 г/га Карате ё 0,5 л/га Нурел Д.

6. Барои эмин доштани гандум аз касалии доғ ё занг фунгисиди Тилт 0,5л/га пошида шавад. Дар хотир бояд дошт, ки ҳангоми коркарди гандум муддати 3 рӯз истифодаи поруҳои дигар манъ аст. Инчунин об додан низ мумкин нест.

7. Ҷуворимаккаро пеш аз кишт коркарди кимиёвӣ бояд гузаронд. Зеро гармии зимистон дар он низ касалиҳоро бедор мекунад, ки боиси талаф ёфтани ҳосил мегардад.

8. Пиёзи тирамоҳӣ ташна аст. Онро бояд тезтар обёрӣ кард. Бар зидди касалиҳояш доруҳои фунгисидӣ истифода бурдан ҳатмист.

altРиоя кардани ин тавсияҳо аз тарафи деҳқонон барои нигоҳ доштани ҳосил кӯмак мерасонад.

Респонденти сеюми мо – мушовири «Нексигол Мушовир», номзади илмҳои биологӣ Акбар Мухамедов, гармию хушкии моҳҳои зимистонаро қайд карда, нишон дод, ки имсол дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфара зардолу баробар ба шукуфтан сар кард, ҳарчанд ҷойгиршавии ин ноҳияҳо нисбат ба сатҳи баҳр гуногун буда, шукуфтани гулҳо низ дар вақтҳои мухталиф оғоз мешуд.

А.Мухамедов изҳори боварӣ кард, ки хунукиҳои соли қаблӣ ва нобудшавии ҳосил кишоварзонро корозмуда кардаанд. Зеро баҳори соли 2016 барои сабзиш ва шукуфтани дарахтони мевадори зардолу, бодом, шафтолу, гелос, олуча, себ ва нок ниҳоят мусоид омад ва мо боварии комил дорем, ки ҳосил низ фаровону бозорҳо арзонӣ хоҳанд шуд.

Дар охири қайд карданием, ки ҳама чиз дар дасти худамон. Агар кӯшишҳои кофӣ кунем, метавонем ба ҳосили фаровон ноил гардем. Ташкилоти Ҷамъиятии "Нексигол Мушовир" бошад, дар навбати худ, ҳамеша омода аст, ки Шумоён деҳқононро бо дастгирии зарурӣ ва пешниҳоди маслиҳатҳои коршиносон таъмин намояд.

Агроинформ.ТҶ