Асосӣ Ахбороти аграрӣ Таваҷҷуҳи Красноярск ба воридоти сабзавоту меваи Тоҷикистон
Таваҷҷуҳи Красноярск ба воридоти сабзавоту меваи Тоҷикистон
30.05.2016 13:43 | Дида шуд: 1280 | Чоп кардан | Почтаи электрони

Наздики бист корхонаҳои кишвари Красноярски Русия, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғуланд, ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), чанд рӯз қабл аз номи муовини вазири рушди иқтисод, сиёсати сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишвари Красноярск Антон Натаров мактуб расида, дар он омодагии корхонаву ташкилотҳои Красноярск ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон изҳор шудааст.

Дар замима ба мактуб рӯхати ҳудуди 20 корхонаҳои кишвари Красноярск илова шудааст, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғул мебошанд.

Мактуби Антон Натаров дар посух ба муроҷиати раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид дар бораи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба минтақаҳои Русия ва кишварҳои узви ИДМ ирсол шудааст.

news.tj

Боз мақолаҳо…

Тавсияи иҷораи техникаи кишоварзии «Тоҷикагролизинг»
Ирсоли аввалин комбайнҳои ғалладарави «Ростселмаш» ба Тоҷикистон
Таъсири обуҳавои номусоид ба маъракаи кишти пахта