Асосӣ Ахбороти аграрӣ Ҳукумат андоз аз фурӯши нахи пахтаро бекор карданист
Ҳукумат андоз аз фурӯши нахи пахтаро бекор карданист
30.05.2016 14:01 | Дида шуд: 1615 | Чоп кардан | Почтаи электрони

altБарои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав - боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.

Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои корхонаҳои бахши сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то 5% кам карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда барои тамоми андозсупорандагон ба андозаи 18% муқаррар шудааст.

news.tj

Боз мақолаҳо…

Таваҷҷуҳи Красноярск ба воридоти сабзавоту меваи Тоҷикистон
Тавсияи иҷораи техникаи кишоварзии «Тоҷикагролизинг»
Ирсоли аввалин комбайнҳои ғалладарави «Ростселмаш» ба Тоҷикистон