Асосӣ Хизматрасонӣ Рӯзномаи кишоварзӣ
Рӯзномаи кишоварзӣ
01.02.2011 11:55 | Дида шуд: 194278 | Чоп кардан | Почтаи электрони

Рӯзномаи «АГРОИНФОРМ.ТҶ» - тафсири моҳонаи соҳаи кишоварзӣ бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 3.750 нусха.

 

Рӯзнома дар ҳамаи ҷамоатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути агро-мағозаҳо, агрономҳо, раёсатҳои кишоварзии ноҳиявӣ ва дӯконҳои деҳаҳо паҳн мешавад.

 

Дар 8 саҳифаҳои рӯзнома хонандагон маълумот оиди мавзӯъҳои зерин дарёфт мекунанд:

  • хабарҳои соҳаи кишоварзӣ
  • раванди иҷроиши ислоҳоти замин
  • иттилооти актуалӣ оиди парвариши зироатҳо ва нигоҳубини чорво ва паррандаҳо
  • мубориза бо ҳашаротҳо ва касалиҳо, муолиҷаи чорво ва паррандаҳо
  • индекси пахта COTLOOK
  • эълонҳои хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва тухмию нуриҳо
  • мақолаҳо оиди таҷрибаҳои пешқадами кишоварзӣ
  • маълумот оиди дастрасӣ ба кредитҳо ва шартҳои гирифтани онҳо
  • нархҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ дар бозорҳои калони кишвар ва бозорҳои наздисарҳадӣ
  • обу ҳаво барои 2 ҳафта
  • ҷавобҳо ба саволҳои хонандагон аз тарафи мутахассисон

 

Бо масъалаҳои обуна шудан бо мо тавассути телефонҳои иртиботиамон дар тамос шавед.