Асосӣ Ахбороти аграрӣ
Ахбороти аграрӣ
Тасдиқи созишномаи содироти бидуни боҷи сӯзишворӣ миёни Русия ва Тоҷикистон Чоп кардан Почтаи электрони
22.06.2016 14:30 | Дида шуд: 1251

altДумаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири энергетикаи Русия Юрий Сентюрин, созишнома моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, он ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамгирройӣ миёни кишварҳо равона шудааст.

«Дар созишнома роҳандозии интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои истеъмоли дохилии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Тақрибан дар ҳаҷми то 1 млн. тонна», - гуфтааст Сентюрин зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ.

Муфассалтар...
 
Ҳукумат андоз аз фурӯши нахи пахтаро бекор карданист Чоп кардан Почтаи электрони
30.05.2016 14:01 | Дида шуд: 903

altБарои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав - боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.

Муфассалтар...
 
Таваҷҷуҳи Красноярск ба воридоти сабзавоту меваи Тоҷикистон Чоп кардан Почтаи электрони
30.05.2016 13:43 | Дида шуд: 836

Наздики бист корхонаҳои кишвари Красноярски Русия, ки ба коркарду фурӯши сабзавоту мева машғуланд, ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), чанд рӯз қабл аз номи муовини вазири рушди иқтисод, сиёсати сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишвари Красноярск Антон Натаров мактуб расида, дар он омодагии корхонаву ташкилотҳои Красноярск ба роҳандозии робитаҳои мустақим бо субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон изҳор шудааст.

Муфассалтар...
 
Тавсияи иҷораи техникаи кишоварзии «Тоҷикагролизинг» Чоп кардан Почтаи электрони
27.05.2016 15:11 | Дида шуд: 775

altВазорати кишоварзии Тоҷикистон ба деҳқонони ҷумҳурӣ харидории техникаи кишоварзии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро тавсия медиҳад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Вазорати кишоварзии ҶТ қайд мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ «Тоҷикагролизинг» аз Русия ба ҷумҳурӣ 15 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива-Эффект» ворид кард.

«Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд, тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти 30 фоизи нархи аслӣ комбайнҳои мазкурро харидорӣ намоянд», - зикр мегардад дар маълумоти Вазорат.

Муфассалтар...
 
Ирсоли аввалин комбайнҳои ғалладарави «Ростселмаш» ба Тоҷикистон Чоп кардан Почтаи электрони
26.05.2016 14:40 | Дида шуд: 619

altШиркати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба дафтари матбуоти ширкат,

Тоҷикистон комбайнҳои ширкатро имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, шартномаи харидуфурӯши давлатии комбайнҳо моҳи апрел сурат гирифта, ин комбайнҳо аз навъҳое мебошанд, ки дар ин кишвар маъруфият доранд.

Муфассалтар...
 
Таъсири обуҳавои номусоид ба маъракаи кишти пахта Чоп кардан Почтаи электрони
18.05.2016 15:52 | Дида шуд: 733

altМаъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон идома дошта, то ҳол он ба андозаи 88%-и нақшаи пешбинишуда ба иҷро расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 14 май пунбадона дар майдони ҳудуди 165 ҳазор гектар кишт шудааст. То охири маърака кишти ин зироат дар майдони умумии ҳудуди 188 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, аз ҷумла тақрибан дар 1,4 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Муфассалтар...
 
<< Якум < Гузашта 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Навбати > Охирин >>

Сахифа 1 из 121