Асосӣ Лоиҳахо ва чорабиниҳо
Лоиҳаҳо ва чорабиниҳо
Оғози лоиҳаии нави ФАО оид ба навсозии низоми обёрӣ Чоп кардан Почтаи электрони
27.05.2016 14:49 | Дида шуд: 3744

altТашкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалисозии лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ»-ро, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии системаи обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад.

Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки маблағаш 468 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни Ассосиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассосиатсияи истифодабарандагони об дар системаи обёрии канали Говкуши ноҳияи Ваҳдат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ноҳияи Файзобод ҳастанд, ба ҳисоб мераванд.

“Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истифодарандагони об дар идораи захираҳои обӣ ва аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини ФАО дар баландбардоштани даромаднокии кишоварзии обёришаванда мусоидат менамояд”, - мегӯяд Виорел Гутсу, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Муфассалтар...
 
Бонки Эсхата: Шартҳои муфид барои рушди бахши кишоварзӣ Чоп кардан Почтаи электрони
01.03.2016 15:10 | Дида шуд: 2848

Имрӯзҳо рушди технологияҳои нав имконият медиҳад, ки сатҳи истеҳсолнокӣ баланд шуда, арзиши аслии истеҳсол паст карда шавад ва сифати маҳсулот беҳтар гардад.

Дар соҳаи аграрии муосир якчанд самтҳои рушди технологияҳо ва истифодаи навгониҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз он объёрикунии қатрагӣ маҳсуб меёбад.

Обёрикунии қатрагӣ - ин на танҳо имконияти хуб барои рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ, балки ҳалли муаммо вобаста ба истифодабарии самаранокии обҳо ва давраи обёрӣ аст.

Оиди ин ва дигар имкониятҳои нав раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ваҳдат ва Турсунзода дар рафти вохӯри маълумот гирифтанд, ки аз ҷониби Бонки Эсхата ташкил карда шуд. Ба вохӯрии мазкур ҳамчунин намояндаи ташкилоти байналхалқии ABCI Agro Business Consulting Internation Ҷамшед Бобоалиев ва намояндаи ташкилоти «Сароб» Қиёмиддин Иззатов даъват карда шуданд.

Муфассалтар...
 
Дастгирии лоиҳа бобати таъминот бо техникаи кишоварзӣ Чоп кардан Почтаи электрони
25.12.2015 16:02 | Дида шуд: 1499

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» барои рушди устувори чарогоҳҳо ва соҳаи чорводорӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо мусоидати Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардидааст.

Муфассалтар...
 
Ба боғдорон бунёди боғҳои интенсивиро меомӯзонанд Чоп кардан Почтаи электрони
30.11.2015 15:41 | Дида шуд: 1630

altДар шаҳри Исфара аз ҷониби ходимони илмии Институти боғпарварӣ дар ҳузури роҳбарияти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд бо мутасаддиёни бахши кишоварзии ҷамоатҳои деҳот ва беш аз 100 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонии самти фаъолияташон боғдорӣ машварати корӣ гузаронида шуд.

Семинари мазкур ҷиҳати бозомӯзии назариявию амалии коркарди агротехникии боғот, башаклдарорӣ, коркарди кимиёвӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва фаҳмонидани афзалияти онҳо доир шуд.

Муфассалтар...
 
Нигаронӣ: Иқдоми бенатиҷа- деҳқони бегуша ва гушаи бедеҳқон Чоп кардан Почтаи электрони
26.11.2015 13:43 | Дида шуд: 1534

alt«Гӯшаи деҳқон» аслан мерос аз солҳои 80-уми замони Шӯравист, ки барои коҳиши нархи бозор пешбинӣ шуда буд. Он дар ҳар як бозори коммуналии пойтахт вуҷуд дошт, вале барои деҳқон дар он ҷой ёфт нашуд, ки нашуд. Ӯ маҳсулоташро дар он ҷо ба фурӯш монда наметавонист. Борҳо шоҳид будем ва шикоятҳои деҳқонон ба мақомоту ВАО мерасид, ки ҷавонони авбошу муштзӯре маҳсулоти ба бозор овардаи деҳқононро бо нархи хеле арзон ё зӯран кашида гирифта, дар «Гӯшаи деҳқон» гарон мефурӯхтанд. Ба доди деҳқони бечора қариб ҳеҷ кас намерасид. Агар гӯем, ки аллакай ҳамон солҳо қадами деҳқон аз бозорҳо канда шуда буд, хато намекунем.

Роҳбари ҶДММ «Варзоб-ТҶ» Давлат Ҳамидов мепиндорад, ки мавҷудияти «Гӯшаи деҳқон» дар бозорҳо имрӯз ҳам зарур аст.

Муфассалтар...
 
Иди «Асал ва харбуза» дар шаҳри Душанбе Чоп кардан Почтаи электрони
27.08.2015 14:08 | Дида шуд: 3823

altҲамасола охири моҳи август дар саросари Тоҷикистон иди “Асал ва харбуза” бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол ин ид дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ҷашн гирифта мешавад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шуданд.

Муфассалтар...
 
<< Якум < Гузашта 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Навбати > Охирин >>

Сахифа 1 из 12