Асосӣ Лоиҳахо ва чорабиниҳо
Лоиҳаҳо ва чорабиниҳо
Олмон геологҳои тоҷикро бо таҷҳизоти муосир таъмин мекунад Чоп кардан Почтаи электрони
24.04.2015 15:38 | Дида шуд: 6694

altҲукумати Олмон ба геологҳои тоҷик 10 маҷмӯи техникаи компютерии муосири саҳроиро тақдим намуд, ки бо барномаҳои навтарини муосир таъмин мебошанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сариораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар маросими супоридани компютерҳо сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грен низ ҳузур доштааст.

Муфассалтар...
 
Zijin дар Суғд корхонаи гидрометаллургӣ месозад Чоп кардан Почтаи электрони
22.04.2015 15:10 | Дида шуд: 3477

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо ноиби президенти (намояндаи саҳмдорон) ширкати «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чен Жен Хе баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи рушди минбаъдаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, сохтмони заводи гидрометаллургӣ бо маблағи 100 млн. доллари ИМА, таъминоти корхона бо қувваи барқ ва тақсимоти дивидендҳои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муфассалтар...
 
Намояндаи доимии БҶ бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо дар Суғд шинос шуд Чоп кардан Почтаи электрони
07.04.2015 14:07 | Дида шуд: 7094

altНамояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи рафти татбиқи лоиҳаҳои тавассути бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва баҳрабарандагон дар вилояти Суғд аввали ҳафтаи сипаришуда ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард.

Муфассалтар...
 
Таҳкими ҳамкориҳои тоҷикистону русия дар соҳаи мошинсозӣ Чоп кардан Почтаи электрони
03.04.2015 16:33 | Дида шуд: 2709

altДирўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кораблин М.В., роҳбарони ширкатҳои ҶСП «Тролза» Ключарев С.А. ва ҶСП «Электротехническая компания «Плутон» Савостянов А.С., ҳамчунин директори генералии КВД «Насби нақлиёти барқӣ ва велосипед» Ф. Саидов мулоқот кард.

Муфассалтар...
 
Раиси Суғд намояндаи домии БҶ-ро ба ҳузур пазируфт Чоп кардан Почтаи электрони
01.04.2015 15:23 | Дида шуд: 5440

altРаиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверз-Картерро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби ин бонк амалишаванда ва дурнамои фаъолияти минбаъда мавриди баррасиии тарафайн қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуои раиси вилояти суғд, хонум Патрисия Виверз-Картер зикр дошт, ки сандуқи фаъоли гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии он зиёда аз 283 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз ин 12 лоиҳа дар вилояти Суғд роҳандозӣ карда мешавад.

Муфассалтар...
 
Шаш сол боз харидор наёфтани кони нуқраи Тоҷикистон Чоп кардан Почтаи электрони
30.03.2015 16:33 | Дида шуд: 2688

altМақомоти Тоҷикистон мегӯянд, поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ боиси ноком шудани тендери Кони Мансур шудааст, аммо манобеи Озодӣ мегӯянд, ин баҳс ба ширкати "Казтсинк" марбут аст.

Кони Калони Мансур, ки давлати Тоҷикистон шаш сол боз бо эълони тендер ё музояда барои истихроҷи нуқра аз қаъри он сармоягузор меҷуст, харидоре пайдо накард.

Муфассалтар...
 
<< Якум < Гузашта 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Навбати > Охирин >>

Сахифа 3 из 12