Асосӣ Ахбороти мо
Навигириҳои АГРОИНФОРМ.ТҶ
Соли нави 2016 муборак! Чоп кардан Почтаи электрони
28.12.2015 12:47 | Дида шуд: 5962

Ҳамкорони мӯҳтарам ва дӯстони азиз,

Охирин саҳифаи тақвим ҳам аз девор канда шуда истодааст ва бо он ҳамаи бурду бохт, пешравиҳо, пастиву баландиҳои фаъолиятамон ба як саҳифаи таърих табдил ёфта истодааст. Соли нави 2016 дари ҳар яки мову Шуморо мекӯбад.

Биёед бо чеҳраи кушод, бо ниятҳои нек ва нақшаҳои олиҷаноб дарро ба рӯи Соли Нав мекушоем. Вақти он расидааст, ки аз соли гузаштаистода беҳтарин лаҳзаҳоро қабул карда, нохушиҳоро паси сар намоем. Вақти он расидааст, ки амалҳои навро ҳусни оғоз бахшида, назди худ мақсадҳои нав гузошта, қуллаҳои баландро ноил шавем.

Муфассалтар...
 
Рӯзномаи “Агроинформ.ТҶ” соҳиби дипломи озмуни “Хомаи созанда - 2015” Чоп кардан Почтаи электрони
26.11.2015 11:20 | Дида шуд: 2268

altРаиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ҳайати эҷодии рӯзномаи “АгроинформТҶ” барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат диплом ва мукофот тақдим намуд. Маросими қадршиносӣ 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилоят ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд.

Муфассалтар...
 
Барномаҳои мобилӣ барои агробизнес: Нархҳои бозори Осиёи Миёна Чоп кардан Почтаи электрони
15.07.2015 10:49 | Дида шуд: 48549

altМӯҳтарам ҳамкасбон, шарикон ва дӯстон!

Мо мехоҳем ба Шумо хушхабареро расонем.

Акнун нархҳои бозори на танҳо Тоҷикистон, балки Қирғизистон ҳам тавассути барномаҳои мобилӣ дастрас мебошанд.

Нексигол Мушовир дар ҳамкорӣ ҶДММ "АгроИнформАзия" (Ҷумҳурии Қирғизистон) барномаҳои мобилии «Нархҳои бозори Осиёи Миёна»-ро таҳия намуд. Барнома барои истеҳсолкунандагон, корхонаҳои коркард ва фурӯшандагони меваю сабзавот муфид мебошад. Барнома маълумот дар бораи нархҳои чаканаи 23 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ду бозорҳои Қирғизистон (Бишкек ва Ош) ва зиёда аз 70 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба 8 бозорҳои Тоҷикистонро пешниҳод менамояд. Бо истифода аз танзимоти барнома шумо метавонед, маълумот оиди нархҳоро бо Соми Қирғизистон, Сомонии Тоҷикистон, Рубли Русия, Доллари ИМА ва Евро ба даст оред. Шумораи бозорҳо ва номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар Қирғизистон васеъ карда мешавад. Дар ояндаи наздик мо кӯшиш хоҳем кард, то фарогириро васеъ намоем ва нархҳои бозори дигар кишварҳои Осиёи Марказиро илова намоем.

Муфассалтар...
 
Иди Саиди Фитр муборак! Чоп кардан Почтаи электрони
14.07.2015 15:26 | Дида шуд: 36525

altҲамкорон, шарикон ва дӯстони азиз,

Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.

Муфассалтар...
 
Иштироки Нексигол Мушовир дар Шӯрои машваратии назди Раиси ш.Кӯлоб Чоп кардан Почтаи электрони
14.10.2014 15:23 | Дида шуд: 7517

altРӯзи 1 октябри соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси ш. Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир”, ки Шартномаи ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба имзо расонида буд, ба ҷаласа таклиф шуда, фаъолияти худро барои иштирокчиёни Шӯрои машваратӣ баррасӣ намуд.

Муфассалтар...
 
<< Якум < Гузашта 1 2 3 4 5 6 7 8 Навбати > Охирин >>

Сахифа 1 из 8