Асосӣ Таҳлилҳо ва ҳисоботҳо
Таҳлилҳо ва ҳисоботҳо
Зимистони гарм хуб аст? Чоп кардан Почтаи электрони
26.04.2016 14:21 | Дида шуд: 1762

altБа идораи нашрия дар бораи соли дуюм омадани фасли зимистони гарму хушк ва таъсири он ба ҳосилнокӣ паиҳам саволҳои сершумори хоҷагидорон омада истодааст. Дар шумораи қаблӣ (7 (90) аз 3-юми апрели соли 2016) маслиҳату машваратҳои мутахассисони соҳавӣ дар саҳифаи 2-юм ба табъ расида буд. Аммо ҳайати эҷодии нашрия тасмим гирифт омӯзиши мушаххас ва пурсиши коршиносонро оид ба ин мавзӯъ гузаронад ва манхури хонандагон гардонад.

Бо табиат чӣ воқеа рӯй медиҳад? Ин таъсири гармшавии глобалӣ ё аномалияи муваққатӣ?

Дар бораи гармшавии глобалӣ, таъсири «гармхонаҳо» (парниковый эффект), тағйирёбии иқлим ва ғ. мақолаҳои бисёр навишта шудаанд. Қариб ҳар рӯз гипотезаҳои нав пайдо шуда, кӯҳнаҳо инкор карда мешаванд. Моро ҳамеша ба ҳарос меафтонанд, ки дар оянда моро чӣ интизор аст? Ва ин корҳо чунон бардавом ва даҳшатнок шуда истодаанд, ки аллакай он қадар наметарсем. Инчунин аксари гипотезаву мақолаҳо мухолифи якдигар буда, моро ба гумроҳӣ мебаранд.

Муфассалтар...
 
Зардолуро наҷот медиҳем (Фаъолият доир ба наҷотдиҳии зардолу дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Чоп кардан Почтаи электрони
29.01.2016 15:21 | Дида шуд: 4250

altАз рӯи таҳлилҳо талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ то соли 2050 ба 60% зиёд гардида, ягона роҳи зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти озуқаворӣ нигаҳдории он мебошад. Дар айёми кӯдакӣ волидайн ба ман насиҳат мекарданд, ки маҳсулоти хӯрокиро исроф кардан мумкин нест. Исроф кардани хӯрок дар фарҳанги моён гуноҳ ҳисобида мешавад. Ман боварии комил дорам, ки дигар халқҳои ҷаҳон ҳам чунин рафторро меписанданд. Ва саволе ба миён меояд, ки дар кадом марҳилаи занҷири дастрас намудани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон талафот пайдо мешавад? Кадом намуди маҳсулоти озуқаворӣ ҳолати зиёдтар аз даст додаро ба вуқӯъ мепайвандад ва барои чӣ чунин ҳолат рӯй медиҳад? Бо мақсади посух ба ин саволҳо ман, дар доираи лоиҳаи «Нигаҳдории озуқаворӣ», ки аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ ФАО дастгирӣ мешавад, оиди талаф ёфтани маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистонро таҳлил гузаронидам.

Муфассалтар...
 
ФАО аз идомаи поинравии нархҳо ба маводи ғизойӣ маълумот медиҳад Чоп кардан Почтаи электрони
08.01.2016 14:34 | Дида шуд: 1647

Нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ аллакай муддати чор сол аст, ки пайдарҳам поин мераванд

Тавре аз хадамоти матбуоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзиии СММ (ФАО) хабар доданд, ин ҳолатро коршиносон ба суст шудани суръати рушди иқтисодии глобалӣ ва ҳосили хуб ба даст овардан нисбат медиҳанд.

«Истеҳсоли бузургмиқёс дар партави талаботи начандони зиёд дар ҷаҳон ва таҳкими қурби доллар сабабҳои аслии нархҳои паст ба маводи ғизойӣ тӯли соли 2015 мебошанд», - гуфт сариқтисодчии ФАО Абдулризо Аббосиён.

Муфассалтар...
 
Аз оғози сол нархҳо дар Тоҷикистон 4,7% боло рафтанд Чоп кардан Почтаи электрони
15.12.2015 15:39 | Дида шуд: 1620

altТӯли 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 4,7 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,8%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт.

Гуфта мешавад, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби қиматшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 0,3 фоиз ва ғайриозуқа 1,5 фоиз ба амал омада, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ дар моҳи ноябр 0,4 фоиз паст гардид.

Муфассалтар...
 
Тӯли 10 моҳ мизони таваррум 4,1%-ро ташкил дод Чоп кардан Почтаи электрони
19.11.2015 16:11 | Дида шуд: 4885

altТӯли 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 4,1 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,1%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба хизматгузориҳо ба андозаи 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 0,1% зиёдтар аст.

Муфассалтар...
 
<< Якум < Гузашта 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Навбати > Охирин >>

Сахифа 1 из 12