Асосӣ Маводҳои муфид
Маводҳои муфид
Нуриҳои органикӣ. Аз хазинаи олимон Чоп кардан Почтаи электрони
26.09.2014 15:19 | Дида шуд: 6686

alt  Поруи чорво, боқимондаҳои хазони растаниҳо баҳри ҳосилхез ва пурғизо шудани хок кӯмак мерасонад. Ҳосилнокии хок сифате мебошад, ки растаниро барои мӯтаъдил нашъунамо ёфтанаш бо ғизохои лозимӣ таъмин менамояд. Унсурҳои ғизогии дар хокбуда ба сифати пайвастагиҳои минералӣ ва органикӣ вуҷуд дошта, қариб ки ба растанӣ дастнорас мебошанд. Поруҳои органикӣ дар таркибаш ҳамаи намудҳои ғизогии макро ва микроэлементҳои ба растанӣ лозим бударо дорад, аз ин сабаб хокро ҳосилхез менамояд. Поруи минералӣ бошад дар таркибаш танҳо як ё ду элемент дорад, бинобар он талаботи растаниро пурра таъмин карда наметавонад. Поруи органикиро бо ҳисоби 2-3 кило ба 1м2 замини дорои хоки мулоими сабук дошта ё ки 6-8 кило ба 1м2 замини санглоху хокаш вазнин (дағал) истифода мебаранд. Поруи органикиро дар вақти каландкунӣ ба чуқурии 20-30 см чапагардон менамоянд. Пайвастаи органикии “гумус” , ки қабати рӯи ҳосилхези замин мебошад, афзалтарин озуқа ба ҳисоб меравад.

Муфассалтар...
 
Чор тадбири зарурӣ барои боғи солим. Нигоҳубинии боғи себи қадпаст Чоп кардан Почтаи электрони
26.09.2014 10:19 | Дида шуд: 6157

width=150Дар шумораи гузаштаи рӯзнома мо оиди 6 қоидаи оғози хуб барои поягузории боғи себҳои қадпаст, яъне: интихоби майдон, ташкил намудани майдон, корам намудани хок, интихоб ва ҷобаҷогузории навъҳо, нақшаи ҷобаҷогузории дарахтон ва шинонидани он сухан ронда будем.

Мақолаи мазкур ба 4 тадбири зарурӣ барои боғи солими себи қадпаст бахшида шудааст.

Дар боғи ҷавон агротехника бояд ба зуд шаклгирии системаи пурқуввати реша ва ташкилёбии асоси пурқуввати қисми болоии заминӣ равона карда шавад. Вазифаҳои асосии агротехникаи боғи ҷавон аз амалигардонидани тадбирҳои зерин иборат аст: обёрӣ, нармкунии хок, ҳифз аз зараррасонҳо ва касалиҳо, буридани шохҳо ва башаклдарории дарахтон.

Муфассалтар...