Асосӣ Маълумотномаҳо
Маълумотномаҳо
Чоп кардан Почтаи электрони
12.06.2015 00:00

 


Берунорӣ (2.9Мб)

Берун оварда шуд: 33

Дастурамал оиди сулфурикунонии зардолу

Содироти хушкмева аз кишварҳои водии Фарғона (Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон) сол то сол меафзояд ва аҳолии кишварҳои даромад оварда, сатҳи некўаҳволии аҳолиро баланд месозад. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб ба масъалаҳои инкишофи боғпарварӣ ва ангурпарварӣ диққати махсус медиҳад, масалан, беш аз чор сол аст, ки масоҳати заминҳои боғҳо, ки ҳосили онҳо дар бозорҳои анъанавии содиротии Русия ва Қазоқистон талаботи зиёд доранд, меафзояд.

Бешубҳа, мақоми аввалро байни хушкмеваҳои талаботи зиёд дошта хушкмеваи баргаки зардолу ишғол менамояд, ки истеҳсол ва коркарди он сол то сол меафзояд. Аксарияти хоҷагиҳои оилавӣ дар маҳаллҳои деҳоти водии Фарғона ба истеҳсол, коркард, логистика, содирот зардолуи тар ва хушкмеваи он ҷалб шудаанд. Дар бозорҳои кишварҳои ИДМ истеъмолкунанда зардолуи дар Тоҷикистон ва Қирғизистон парвариш ва коркардшударо медонад ва баҳои хуб медиҳад, ки ин ба содиротгарони мо як қатор афзалиятҳоро ато менамояд.

 
Чоп кардан Почтаи электрони
04.06.2015 14:04

Берунорӣ (3.1Мб)

Берун оварда шуд: 4

Иштирок дар намоишгоҳҳо

Буклети Мазкур – ин дастурамал оид ба иштирок дар намоишгоҳҳо барои соҳибкорони хурду миёна (СХМ) аз Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки ба содирот нигаронида шудаанд. Дар он саволҳои асосие шарҳ дода шудаанд, ки ҳангоми омодагӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳо "қадам ба қадам" бояд дида баромада шаванд.

Аҳамияти махсус ба маҳсулоти хўрокворӣ дода шудааст. Ҳангоми омода намудани буклети додашуда, мо хуб дарк менамудем, ки тамоми саволҳое, ки ба ин мавзўъ тааллуқ доранд як нашриёт дар бар гирифта наметавонад. Бинобар ин, мо методологияи расонидани иттилоотро ба таври фишурда интихоб кардем, ки сарчашмаҳои маълумоти пурра доштаро ба таври истинодҳо ишора намудем.

 
Чоп кардан Почтаи электрони
04.06.2015 14:04

Берунорӣ (2.6Мб)

Берун оварда шуд: 16

Дастурамал оид ба гузариш аз заминдории анъанавӣ ба органикӣ

Дар даҳсолаи охир заминдории органикӣ дар Аврупо бо шиддат тарққӣ карда истодааст, ки ин раванд аз ҷиҳати таассурёбии қисматҳои ҷудогонаи муҳити зист ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз таъсири оқибатҳои манфии кишоварзии анъанавӣ ба миён омадааст. Бар замми ин, ба чунин рушд маводҳои қонунӣ ва маъмурии аз ҷониби ИА (Иттиҳоди Аврупо) ба табъ расида саҳми худро гузошта истодаанд, ки истеҳсол, коркард ва моҳияти био-маҳсулотҳоро ба тартиб меоваранд. Танҳо истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои органикӣ ҳуқуқи истифодабарии мафҳумҳои БИО, ЭКО ёки ОРГАНИК-ро дар номгузорӣ ба молу маҳсулоти (ашёи хом ва маҳсулоти тайёр) истеҳсолшавандаи худ доранд.

Нашри мазкур метавонад ҳамчун маълумотнома дар омӯзиши талаботи стандартҳои байналмиллалии Иттиҳоди Аврупо 834/2007 хизмат намояд, инчунин хонадагонро бо қоидаву шартҳои асосӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ шинос намояд.

 
Чоп кардан Почтаи электрони
04.06.2015 14:04

Берунорӣ (1.3Мб)

Берун оварда шуд: 15

Таҳлили омилҳои таъсиркунанда ба рушди бахши коркарди маҳсулоти озуқаворӣ,ки барои содирот нигаронида шудааст.

Бо дарназардошти муҳимияти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣҳамчун яке аз соҳаи асосии иқтисоди ҷумҳурӣ, ки амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии кишварро таъмин менамояд, АМСХМ (НАМСБ) Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон Таҳлили мазкурро гузаронид.

Мақсад аз Таҳлили мазкур:

  • Ошкор намудани мушкилот, ки корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ бо онҳо нисбатан зиёд дучор мегарданд
  • Таҳияи пешниҳодот оид ба тағйири шароити пешбурди соҳибкорӣ бо мақсади истифодаи онҳо барои ҳавасмандгардонии рушди истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ.
 
Чоп кардан Почтаи электрони
04.06.2015 14:04

Берунорӣ (3.4Мб)

Берун оварда шуд: 8

Бренд ва борпеч

Маводи мазкур – ин дастурамали мухтасар барои соҳибкорони хурду миёнаи (СХМ) Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки ба содироти маҳсулот нигаронида шудаанд. Дар мавод маълумот оиди пеш аз фурўши маҳсулот чи дар бозорҳои дохила ва чи дар бозорҳои байналхалқӣ, чиро бояд андешид «қадам ба қадам» оварда шудаанд.

Дар фасли бахшида ба бренд, хонанда оиди аҳамияти бренд шинос мегардад. Мавзўъҳои асосии ин фасл оиди стратегия ва ҳимояи бренд мебошад. Борпеч ва тарҳрезӣ – омилҳои асосии муваффакият мебошанд. Дар ин мавод мо унсурҳои асосии борпечи хуб ва сифатро таҳлил менамоем, ки онро ҷозиб намегардонад.

 
Чоп кардан Почтаи электрони
25.06.2012 09:41
Дастур оид ба содирот. Содирот аз Тоҷикистон ба Аврупо. Қадам ба қадам. Берунорӣ
(4.8Мб)
Берун оварда шуд: 38


 
Чоп кардан Почтаи электрони
21.05.2012 16:03
Каналҳои тақсимот барои хушкмева, чормағз ва асал Берунорӣ
(2.2Мб)
Берун оварда шуд: 28


 
Чоп кардан Почтаи электрони
21.05.2012 15:56
Маводи иттилоотӣ оиди дастрасӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Гумрук (Русия, Қазоқистон, Беларус) Берунорӣ
(1.5Мб)
Берун оварда шуд: 19